Омодагиҳо ба шудгор ва кишти тирамоҳӣ

Октябрь 6, 2011 17:11

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Бо мақсади дар мӯҳлатҳои хуби агротехникӣ сари вақт ва хушсифат кишт кардани  ғалла ва гузоштани заминаи устувори ҳосили соли 2012, инчунин мунтазам таҳти назорат қарор додани шудгор ва кишти тирамоҳӣ мувофиқи фармоиши Вазорати кишоварзӣ  аз 30 сентябри соли ҷорӣ таҳти № 188 дар дастгоҳи марказии вазорат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.Дар сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсати кишоварзии ВМКБ ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ чунин ситодҳо созмон дода шуданд, ки рафти шудгор ва кишти тирамоҳиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, аз иҷрои он ҳафтае як маротиба  дар мувофиқа бо мақомоти омор ба вазорат то 10 январи соли 2012 маълумот пешиҳод менамоянд. Раёсатҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ, сиёсати техникӣ ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва раёсатҳои кишоварзии ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки доир ба гузаронидани кишти тирамоҳии  ғалла дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкилиро дар байни корхонаю ташкилот, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолии деҳот ба роҳ монанд. Раёсати растанипарварӣ, сарраёсату раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дар маҳалии Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҶТ, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин, тоза кардани шабакаҳои обёрӣ, алалхусус заҳкашу заҳбурҳои қитъаҳои ғаллазор аҳамияти хосса зоҳир намуда, оид ба меъёри обёрии заминҳои ғалла ба хоҷагидорон тавсияву дастурҳои зарурӣ дода, сабзиши пурраи ғалладонагиҳоро зери назорати қатъӣ қарор додаанд.

Октябрь 6, 2011 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд