Омодагии пойтахт ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

Октябрь 4, 2011 15:55

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Саидова). — Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ фардо, 5 октябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии Халқҳо», «Кӯли ҷавонон», Боғи ба номи устод Айнӣ ва майдони «800-солагии Маскав» сайругашти оммавии шаҳрвандон, базмҳои шеъру суруд,  намоиш ва фурӯши  маҳсулоти қаннодӣ ташкил карда мешавад.Ҳамзамон, 5 октябр дар Боғи устод Рӯдакӣ чорабинии идона бахшида ба Рӯзи забон баргузор мегардад, ки дар он донишмандону забоншиносон доир ба ҳифзи забони давлатӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани он ва паҳлӯҳои дигари ташаккули забони давлатӣ табодули назар мекунанд.Бояд тазаккур дод, ки тамоми чорабиниҳои марбут ба таҷлили Рӯзи забон дар пойтахт дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ташкил ва баргузор мегардад.Мавриди зикр аст, ки соли гузашта парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки тибқи он ҳамасола 5 октябр дар ҷумҳурӣ Рӯз забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ таҷлил мегардад.

Октябрь 4, 2011 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад