Ошкорнамоии маҳсулоти бесифат дар Кӯлоб

Октябрь 18, 2011 15:34

Кӯлоб, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Раёсати  стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва  нозироти  савдои  минтақаи  Кӯлоб  дар  9  моҳи  соли  ҷорӣ  фаъолияти 441  корхонаю  ташкилот ва  соҳибкоронро  мавриди  санҷиш  қарор  дод,- гуфт  сардори  раёсати  мазкур  Ҳикматулло  Сафаров. Ба қавли номбурда  дар  224  намуди маҳсулоти  санҷидашуда камбудиҳо  ошкор  карда шуда,  дар 168  гурӯҳ набудани сертификати  мутобиқат ва  дар 38  гурӯҳ маҳсулоти  ғайристандартӣ  муайян  карда шуд. Ҳ. Сафаров   афзуд, ки  зимни гузаронидани санҷиш дар 91  ҳолат  фурӯши  маҳсулот  манъ  карда  шуд. Аз  ҷумла, барои 179  кг  маҳсулоти қаннодӣ,  80 кг  макарон,  10  адад  машрубот,  19 кг  чой, 689 адад  машруботи  ғайриспиртӣ,  14 ҳазор  кг намак,  650  кг  равғани пахта,  4  кг  ҳасиб,  4 689 кг  равғани растанӣ, 22  кг  нон ва  маҳсулоти  нонӣ   амрномаи  манъи  фурӯш  бароварда шуд.

Октябрь 18, 2011 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард