Озмуни «Мактаби сол»
Душанбе, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина ). – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе ҳар сол озмунҳои «Муаллими сол», «Талабаи сол», «Мураббии сол», «Синфи беҳтарин», «Муассисаи томактабии кӯдакон», «Мактаби сол», «Директори сол» доир мегардад.Озмунҳо бо мақсади беҳдошти раванди таълиму тарбия ва таҳкими заминаи таълимию техникӣ ва моддии донишкадаҳо роҳандозӣ мешаванд. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар ҳоли ҳозир озмуни «Мактаби сол» баргузор мегардад. Натиҷаи озмуни мактабҳо ба Кумитаи тадорукотии шаҳр, ки муовини раиси пойтахт Сановбар Раҳимова раиси он мебошад, пешниҳод мегардад. Даври хотимавии озмуни шаҳрӣ моҳи декабри соли равон дар Маркази кӯдакону наврасон сурат мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






