«Озод» ва «Паёми нур» дар Тоҷикистон равзана боз менамоянд
Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Донишгоҳҳои «Озод» ва «Паёми нур»-и Эрон омода ҳастанд, ки намояндагии худро дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ созанд. Ин нуктаро Алӣ Лориҷонӣ, Раиси Маҷлиси шӯрои Исломии Эрон зимни мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон иброз дошт. Мавсуф зикр кард, ки донишгоҳҳои мазкур ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи техника ва технология машғул ҳастанд.Раиси парлумони Эрон густариши ҳамкории байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро аз муҳимтарин ҳадафи сафари худ ба Тоҷикистон арзёбӣ намуда гуфт: Мо умедвор ҳастем, ки ин сафар паёмади хубе барои таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи ҳарду кишвар хоҳад дошт». Дар мулоқот ҳамчунин ба зарурати истифода аз таҷрибаи якдигар дар заминаи таҳия, тадвин ва қабули қарору қонунҳо ва дигар санади дорои аҳамияти байналмилалӣ таъкид шуд.Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки парлумони Эрон дорои собиқаи беш аз як қарн ва таҷрибаи ғании қонунгузорист. Аз ин рӯ, мо мехоҳем аз таҷрибаи дӯстони эронӣ бештар бархурдор бошем. Хусусан ошноӣ бо фаъолияти Пажӯҳишгоҳи қонунгузории Парлумони Эрон ва истифодаи таҷрибаи он ба манфиат аст. Дар бахши забони қонунҳо низ мо ба омӯзиши таҷрибаи Маҷлиси шӯрои Исломии Эрон ниёзмандем, афзуд Ш.Зуҳуров.Бояд тазаккур дод, ки Маҷлиси шӯрои Исломии Эрон, ки соли 1906 таъсис дода шудааст, аз як палата иборат буда, 290 вакил дорад, ки дар чор сол як маротиба тавассути раъйдиҳӣ интихоб мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






