Панҷумин ҷоми «Регар ТадАЗ»
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев). – Дирӯз дар ҳузури беш аз 10 000 мухлис дар варзишгоҳи «Пахтакор» — и шахри Қурғонтеппа дастаи «Регар ТадАЗ» дар вохӯрии ниҳоии ҷоми ҷумҳурӣ бар чемпиони соли гузаштаи мамлакат- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба карда, маротибаи панҷум соҳиби ҷоми ҷумҳурӣ гардид. Тӯби ягонаи задаи Ҷамшед Исмоилов дар дақиқаи 61 –ум тақдири бозиро ба нафъи регариҳо ҳал кард. Ҳамин тавр, мавсими 20-умин ҷоми имсола ҳам ба анҷом расид. Ғайр аз «Регар ТадАЗ» дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд се маротиба, “Варзоб”-и Душанбе, “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Истиқлол”-и Душанбе ду маротиба , “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






