Парвози нахустини «Боинг 737-900»-и ширкати «Сомон Эйр»
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳавопаймои «Боинг 737-900»-и ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвози аввали худро анҷом дода, аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Санкт-Петрбург 96 нафар ва аз он ҷо ба пойтахти Тоҷикистон 172 нафарро ба нуқтаи таъинот расонид.Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии ширкат Тимур Бандишоев хабар дод, ҳавопаймои нав 184 ҷойи нишаст дошта, он рӯзи 29 сентябр ба Тоҷикистон интиқол шуда буд.Ба гуфтаи манбаъ, ҳавопаймо дар хатсайрҳои дурдасттарин иситифода бурда мешавад. Аз ҷумла, дар хатсайрҳои ҳавоии Душанбе-Франкфурт-лаби Майн, Душанбе-Дубай, Душанбе-Истанбул, Душанбе-Ҷидда, Душанбе-Урумчӣ, Душанбе-Маскав, Душанбе-Санкт-Петербург ва хатсайрҳои нави банақшагирифташудаи Душанбе-Бангкок ва Душанбе-Сеул.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






