Пешгӯии ҳавошиносон

Октябрь 31, 2011 17:02

Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). – Боришот  дар  шакли  борону  барфи  тар, ки  аз  ҳафтаи  гузашта дар  Тоҷикистон  идома  дорад, то  4  ноябр   давом  мекунад. Тавре  сардори Маркази  обу  ҳавосанҷии  Муассисаи  давлатии ҳавошиносӣ  Ҷамила Байдуллоева  ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ  дод,  давоми 4  — 5  рӯз  дар  ҷумҳурӣ  борон, дар  баъзе  маҳалҳо  борони  сахт  ва дар  шимолу  ҷануби  кишвар  барфи тар меборад. Ҳарорати  ҳаво  рӯзона  7 – 12  ва  шабона  5 – 10  дараҷа  гарм  мешавад. Ба  гуфти  Ҷ.  Байдуллоева,  барои  ин  фасли  сол  чунин  ҳарорату рутубати  ҳаво  дар  Тоҷикистон рӯйдоди маъмулӣ  шумурда  мешавад. Ҳавошиносон  оғози  ҳавои  беғубору софро  дар  рӯзҳои  5 – 6  ноябр  пешгӯӣ  мекунанд.

Октябрь 31, 2011 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш