Пешгирии қочоқи мухаддир аз вилояти Суғд ба Қирғизистон
Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муштаракан бо Раёсати Ҷанубии Хадамоти Давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба назорати маводи мухаддир амалиёти байналмилалиро дар мавриди пешгирии қочоқи мухаддирот аз вилояти Суғд ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расониданд.Охири ҳафтаи гузашта дар ҷараёни баргузории чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар як хонаи иҷоравӣ ба гумони фурӯши воситаҳои нашъаовар шаҳрвандон шаҳри Душанбе ва ноҳияи Мастчоҳ дастгир шуданд. Ҳангоми кофтукови хона халтаи полиэтиленӣ кашф ва мусодира шуд, ки дар дохилаш бештар аз 5 кило ҳашиш ва наздик ба 1 кило героин дошт.Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки мухаддироти мусодирашуда бо мақсади интиқол ба қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ва аз он ҷо ба дигар кишварҳои ИДМ омода шуда будааст. Нисбат ба рафтори ин ду нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз шуд. Амалиёти мазкур дар доираи “Протоколи ҳамкорӣ дар таъмини бехатарӣ аз маводи мухаддир дар ҳудуди наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон”, ки 5 майи соли 2011 миёни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати маводи мухаддири Ҷумҳурии Қирғизистон имзо шудааст, гузаронида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






