Пешниҳоди ҷойи кор дар “Ориёно”
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).- Имрӯз бо ташаббуси Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва раёсатҳои он дар ноҳияҳои Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино дар саҳни бинои Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир гардид.Дар он 30 корхонаю муассисаи шаҳри Душанбе ба корҷӯён 2381 ҷойи кори холиро пешниҳод намуданд.Дар ярмаркаи мазкур ба 43 нафар корҷўён барои кор ва ба 2 нафар барои омўзиши касбҳо роҳхат дода шуд.Бояд гуфт, ки тайи нўҳ моҳи соли 2011 аз ҷониби мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо 517 ярмарка барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83 адад зиёд мебошад. Дар натиҷа 6544 нафар шаҳрванд барои кор роҳхат гирифта, аз он ҷумла 4819 нафар бо кор таъмин гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






