Президенти Беларус ба Душанбе омад
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дирӯз, 27 октябр, Президенти Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва дигар шахсони расмии ҷумҳурӣ истиқбол намуданд.Имрӯз дар қароргоҳи давлатии «Кохи миллат» гуфтушуниди як ба яки сарони кишварҳои Тоҷикистону Белорус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко доир мегардад. Дар ҷараёни мулоқот баррасии масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ дар назар аст. Сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеъи ҷонибҳо баргузор мешавад.Дар анҷоми мулоқот имзои 10 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмуддати Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳо барои солҳои 2011-2020 ва ҳамчунин як қатор асноди байниҳукуматӣ дар назар аст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






