Протоколи ҳамкорӣ

Октябрь 27, 2011 11:19

Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Протоколи  баимзорасидаи ҳамкории байни вазоратҳои  корҳои дохилии Тоҷикистон ва  ФР барои солҳои 2012 – 2013 барои  пешгирӣ, ошкоркунӣ, дастгир намудани ҷинояткорон, мубодилаи иттилоотии маълумоти амалиёти фаврию ҷустуҷӯӣ, маълумоти оморию криминалӣ ва ҷиноятҳои фаромарзӣ мусоидат хоҳад кард.Тавассути сохтори дар Русия амалкунандаи «Розыск — магистрал» (Шоҳроҳи кофтуков) садҳо ҷинояткори пинҳоншуда ошкор гардиданд. Кормандони ин сохтор бо дархости ВКД –и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) наздик ба 400 нафар ҷинояткори дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордоштаро ошкор ва дастгир намуданд. Протоколи мазкур ба сифати  омили муассири пешгирии ҷинояткорӣ роҳи ҷиноятҳои фаромарзиро ба рӯи ҷинояткорони байналмилалӣ хоҳад баст. Алъон дар асоси ин протокол дар ВКД ҶТ  барои ошкор намудани ҷиноятҳо  чораҳои зарурӣ дида мешаванд.

Октябрь 27, 2011 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад