Рӯзгор пеш меравад
Хоруғ, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Ба манзури паст намудани сатҳи камбизоатии мардум, беҳтар сохтани шароити зиндагӣ ва ҳолати санитариву гигиении муҳити зист дар ноҳияи Рӯшон як қатор барномаҳо роҳандозӣ шудаанд. Яке аз чунин барномаҳо бо оби ошомиданӣ таъмин намудани сокинони деҳаҳои Ахван, Спишош ва Кӯпруки сафеди ҷамоати деҳоти Рӯшон ба ҳисоб меравад. Барои амалӣ намудани он аз тарафи ташкилоти ҷаҳонии Бунёди Наҷоти Арал 40 ҳазор сомонӣ ҷудо гаштааст — мегӯяд котиби ҷамоати деҳоти Рӯшон Фаррух Мақсудов. — Иҷрои ин корро бахши хоҷагии об ва корхонаи фаръии манзилию коммуналии ноҳия ба зима гирифтаанд. Ҳоло қисми зиёди корҳои заминӣ ба анҷом расида, охири моҳи октябри соли ҷорӣ 15 нуқтаи обтаъминкунӣ мавриди истифода қарор мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






