Рӯзи байналмилалии Асои сафед
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи байналмилалии Асои сафед ё худ Рӯзи ҷаҳонии нобиноён ҷашн гирифта мешавад.Дар ҷамъияти мазкур бахшида ба ин рӯз як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла мусобиқоти шоҳмоту шашка миёни занону мардони нобино доир мегардад. Имрӯз ҳамчунин чорабинии тантанавӣ баргузор мешавад, ки дар он 250 нафар нобиноён ва намояндагони Вазорати меҳнату мақомоти шаҳрдории пойтахт ширкат меварзанд. Сипас бо иштироки шахсони нобино барномаи консертӣ намоиш дода мешавад.Чорабиниҳои мазкур бо дастгирии ширкати «Лото-Спорт», ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва оператори алоқаи мобилии Тоҷикистон «Вавилон-Мобайл» созмон дода мешаванд. Дар Тоҷикистон расман 9 ҳазору 832 нафар нобино ба қайд гирифта шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






