Рӯзи забон дар Агентии маводи нашъадори назди Президенти ҶТ

Октябрь 6, 2011 12:59

Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Бахшида ба Рӯзи давлатии забон дар китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он устодон, мактаббачагон, донишҷӯёни макотиби олии пойтахт, аз ҷумла кормандони Агентии маводи нашъадори назди Президенти ҶТ иштирок доштанд.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шӯъбаи  робита ва кор бо ҷомеаи Агентии маводи нашъадори назди Президенти ҶТ  иттилоъ доданд, мактаббачагон аз ашъори шоирони тоҷик шеърҳо дар бораи аҳамияти забон қироат намуда, перомуни ин мавзӯъ саҳнаҳо нишон доданд.Сардори шӯъбаи робита ва кор бо ҷомеаи Агентии мазкур Саъдулло Раҳматуллоев  зикр намуд, ки насли наврас бояд дар давраи тараққиёти техника ва технологияву инноватсия ҷидду ҷаҳд намояд то забони мо бо дигаргуншавии ҷаҳони муосир мутобиқ гардад.Сардори кадрҳои Агентии маводи нашъадори назди Президенти ҶТ Музаффар Ҳотамов афзуд, ки  забони модарӣ- ин боигарии ҳар миллат аст ва он халқҳоро ба ҳам наздик карда, дӯстиву ҳамкориро миёни миллатҳои гуногун мустаҳкам менамояд.  

Октябрь 6, 2011 12:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад