Рафъи омилҳои коррупсионӣ
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва мутобиқ гардонидани он ба санадҳои байналмилалӣ, василаи муҳими тақвияти фаъолияти минбаъдаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (АНДММК) – и ҶТ хоҳад буд,- иброз дошт муовини сардори Раёсати пешгирии коррупсияи агентии мазкур Қоҳири Суҳроб дар ҷаласа дар мавзӯи пешгирии омилҳои коррупсионӣ, ки дар Вазорати кишоварзӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа сардорони раёсату шӯъбаҳо ва хадамоту корхонаҳои тобеи вазорат ширкат варзиданд. Дар ҷаласа вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов иброз дошт, ки барои пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар зерсохторҳои вазорат нақшаи чорабиниҳои махсус амалӣ мегардад. Яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия роҳ надодан ба зуҳуроти хешутаборгӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ дар фаъолияти ҳамаи роҳбарони раёсату идораҳои тобеи вазорат хоҳад буд,- афзуд вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






