Раиси Парлумони Эрон озими Душанбе мегардад
Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Алии Лориҷонӣ, Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон нимаи дуюми имрӯз бо сафари расмӣ озими Душанбе мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат иттилоъ дод. Манбаъ афзуд, ҳадафи сафари Алии Лориҷонӣ ба Тоҷикистон таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистону Эрон аст.Раиси парлумони Эрон зимни сафари расмии худ ба Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот намуда, тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманди ду кишвари ҳамзабон-Тоҷикистону Эронро баррасӣ менамояд.Ҳамзамон, Алӣ Лориҷонӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуда, бо ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур мулоқот хоҳад кард.Раиси парлумони Эрон инчунин аз як қатор махзанҳои илму фарҳанги Тоҷикистон, аз қабили Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, осорхонаи бостоншиносии Пажӯҳишгоҳи таърих, Осорхонаи ба номи Беҳзод ва утоқи Эрон, ки дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият мекунад, дидан намуда, бо дастовардҳои илмию фарҳангии махзанҳои мазкур ошно мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






