Робитаҳои Душанбею Остона устувортар мегарданд

Октябрь 5, 2011 17:00

Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи густариши муносиботи гуногунсоҳа, бахусус робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Қазоқистон дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агибай Смагулов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт. Мулоқоти мазкур 5 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон иттилоъ дод, ки мусоҳибон маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои ҳар ду кишварро дар сатҳи минтақавӣ баррасӣ намуда, ба он баҳои баҳои баланд доданд. Зикр шуд, ки имрӯз ҳар ду давлат дар ҳалли кулли масъалаҳои минтақавию байналмиллалӣ ҳамдигарро дар сатҳи байналмиллалӣ дастгирӣ менамоянд. Байни ҳар ду кишвар 70 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расидааст, ки дар таҳкими муносиботи дуҷониба нақши арзишманд мегузоранд. Якчанд комиссияи байнидавлатӣ фаъолият дошта, сандуқи сармоягузории ҳар ду давлат созмон дода шудааст, ки барои омода сохтани фазои иқтисодии кишварҳо корҳои мушахасро ба сомон расонидаанд. «Тоҷикистон омода аст, ки бо Қазоқистон дар бахшҳои коркарди маъдани кӯҳӣ, металлургияи ранга, энергетика ва коммуникатсия ҳамкории судманд дошта бошад,- афзуд Ш. Зуҳуров. Мавсуф афзуд, ки бо таъин шудани Агибай Смагулов ба ҳайси сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон дар таърихи муносиботи Душанбе ва Остона саҳифаи нав боз гардид.

Октябрь 5, 2011 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад