Руни ҷазо мегирад.
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев) — Комиссияи одоби Федератсияи футболи Аврупо қазияи худро нисбат ба ҳамлагари дастаи мунтахаби Англия Уэйн Руни ба тасвиб расонд. Ин бозингар дар вохӯрии охирини мунтахаби Англия бо тими мунтахаби Черногория муқобили Миодраг Ҷудович дағалона бозӣ карда, аз ҷониби довар корти сурх гирифт ва аз майдон ронда шуд. Ин корт аввалин корти сурхест, ки Руни давоми 6 сол гирифтааст. Ба ин нигоҳ накарда, комиссияи одоб Руниро аз ҳаққи иштирок дар ҳайати дастаи мунтахаби Англия дар се бозӣ маҳрум кардааст. Акнун ин бозингари лаёқатманд дар вохӯриҳои финалии гурӯҳии ҷоми Аврупо ширкат карда наметавонад, вале Федератсияи футболи Англия давоми се рӯз имкон дорад ба ин қазия раддия фиристад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






