«Рустам ва Сӯҳроб» дар Ӯзбекистон
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 17 то 26 октябри соли 2011 дар шаҳри Тошканд Фестивали байналмилалии театрии «Teatre.UZЃ1» баргузор гардид, ки дар он театрҳои касбии кишварҳои Олмон, Исроил, Федератсияи Русия, Украина, Гурҷистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Театри давлатии драмавии ба номи В. Маяковскии ҶТ иштирок намуданд. Дар миёнасарои Театри ҷавонони Ӯзбекистон намоишгоҳи намунаҳои маҳсулоти дастии мардуми тоҷик, либосҳо, асбобҳои рӯзгор ва созҳои мусиқӣ, маҳсулоти заргарии миллӣ меҳмононро бо фарҳанг, тамаддун ва ҳунари волову қадимии тоҷикон ошно сохт. 24 октябри 2011 дар Театри ҷавонони Ӯзбекистон ҳунармандони Театри давлатии драмавии ба номи В. Маяковский намоиши «Рустам ва Сӯҳроб»-ро аз рӯи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба тамошобинони сершумор тақдим карданд. Пеш аз оғози намоиш дар назди тамошобинон Набӣ Абдураҳмонов, роҳбари бадеии Театри ҷавонони Ӯзбекистон зимни суханронӣ гуфт, ки намоиши «Рустам ва Сӯҳроб» дар фестивалҳои зиёди байналмилалии театрӣ сазовори ҷоизаҳо шудааст.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






