Саҳми як деҳаи хурд дар солҳои ҷанг
Турсунзода, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ барои ҳарчӣ зудтар ба даст овардани ғалаба саҳми арзанда гузошт. Фарзандони фидокору ҷасури тоҷик дар хатҳои пеши фронт ҷоннисориҳо мекарданд, дар ақибгоҳ занону пирону кӯдакон ба аскарон маводи хӯрокию пӯшокӣ тайёр мекарданд. Тоҷикистон садҳо пирону кӯдакони вилоятҳои Русияро қабул ва нигаҳбонӣ мекард. Дар он солҳои мудҳиш як қатор ярадоронро бо гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон низ даво мекарданд. Аз ҷумла, дар деҳаи Шӯрхоки ноҳияи Турсунзода корхонаи хурди истеҳсоли «Равғани арча» сохта шуда буд. Тавре ки шоҳидон нақл мекунанд, ярадорони ҷангро бо равғани арча низ табобат мекарданд. Ҳамчунин он солҳо дар деҳаи мазкур кони ангишти «Тошқӯтан» ба кор оғоз карда буд, ки барои бо маводи сӯхт таъмин кардани аҳолӣ хизмати арзанда дошту дорад.Ин ҷо ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 19 нафар ҷавонмардони ин деҳаи хурд дар набардҳои хунини ҷанг ширкат карда, 9 нафари онҳо шаҳиди он ҷанги мудҳиш гардиданд.Дар солҳои 70-уми асри XX дар деҳаи мазкур ба парвариши оҳуи холдор оғоз карданд, ки аз шохи он доруи қимматбаҳо -пантокрин истеҳсол карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






