Садои «Фалаки даштӣ» дар Консерваторияи миллӣ

Октябрь 13, 2011 11:39

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -12 октябр бахшида ба рӯзи фалак дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов чорабинии фарҳангӣ доир гардид, ки дар он устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Тарбиятгирандагони кафедраи сарояндагии анъанавӣ ҳунару истеъдоди худро намоиш доданд. Дар чорабинии фарҳангӣ зикр шуд, ки халқи тоҷик ҳанӯз аз давраҳои қадим бо сароидани намудҳои гуногуни фалак шӯҳратёр буда, имрӯз ин анъана аз нав эҳё гардидааст, ки баёнгари баланд рафтани нақши фарҳангу санъат дар ҳаёти мардум аст. «Фалаки даштӣ», «Асрори азал», «Агар ба гулшан» ва «Сезарба» — номгӯи шеъру оҳангҳое буд, ки дар чорабинӣ садо дод.

Октябрь 13, 2011 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд