Сафар мураббии мард асту…

Октябрь 4, 2011 11:09

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Раҳовард» чунин дорад маҷмӯаи таҳия намудаи корманди радиои Тоҷикистон Саидмуроди Хоҷазод, ки онро нашриёти «Адиб» ба тозагӣ нашр намудааст. «Раҳовард»  аз сафаргуфтаҳо иборат буда,  ба ифтихори20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф шудааст. Саҳми созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти муҳими  стратегӣ, пайванди минтақаҳо, барқарории сулҳу субот, ваҳдату ҳамбастагии мардуми Тоҷикистон  дар маркази сафаргуфтаҳои муаллифи маҷмӯа  ва кормандони Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтааст. Дар маҷмӯа раванди бунёдкорию созандагӣ дар сарзаминамон таҷассуми худро ёфтааст.Муҳаббату садоқат ба ватан, саъю талоши соҳибватанӣ барои ободию шукуфоии сарзамин, ваҳдату ҳамраъйӣ меҳвари аслии сафаргуфтаҳои муаллифро ташкил медиҳанд.Маҷмӯаро  манзараҳои дилфиреби кишварамон ва расмҳои кормандони Кумитаи радио ва телевизион, ки  ҳангоми сафар ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гирифта шуда, шукӯҳи тоза бахшидаанд.

Октябрь 4, 2011 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад