Сафари синамогарони тоҷик дар кишвар идома дорад
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Аз 28 то 30 октябри соли равон сафари синамогарони тоҷик бо роҳбарии раиси Иттифоқи синамогарони ҶТ Сафар Ҳақдодов дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд идома ёфт.Дар Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ беҳтарин филмҳои кишварҳои мухталифи иштироккунандаи Кинофестивали 1У байналмилалии «Дидор – 2010» намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, 12 филми мустанаду пурраметражи синамогарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Афғонистон ва Тоҷикистон ба маърази намоиш гузошта шуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон филми «Қиёми рӯз» намоиш дода шуд. Ин филм дар кинофестивалҳои бонуфузи ҷаҳон чандин мукофот гирифтааст. Муаллифони филми номбурда Муҳаммадалӣ Муҳаммадов, Шодӣ Солеҳ, Аловиддин Абдуллоев ва Бахтиёр Қаҳҳоров мебошанд. Тавре Сафар Ҳақдодов иттилоъ дод, сафари синамогарон баъди намоиши филмҳо дар шаҳрҳои Хоруғу Хуҷанд моҳи ноябр дар вилояти Хатлон идома меёбад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






