Сафири Покистон дар вилояти Суғд

Октябрь 13, 2011 15:53

Душанбе, 13  октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила  Дубинина). –  Сафири  Фавқулодда  ва  Мухтори  Ҷумҳурии  Исломии  Покистон  дар  Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн  Баркаталӣ Сиял  дар  ҷараёни  сафараш  ба  вилояти  Суғд 12  октябр бо  роҳбари  Маъмурияти минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд» Анвар  Ёқубов   мулоқот  намуд.Дар  ҷараёни  мулоқот  меҳмони  олиқадрро  аз  фаъолияти  минтақаи  озоди  иқтисодӣ воқиф  намуданд. Дипломати  Покистон  ба  лоиҳаи  ташкили  маркази  нақлиётие мароқ  зоҳир  намуд, ки  имкон  медиҳад  дар  оянда  шароити ҷалби  савдою  тиҷорати  Покистон  ва  афзун  намудани  муомилоти  савдои  миёни  ҳар  ду  кишвар  фароҳам  оварда шавад.Ғайр  аз  ин  масъалаҳои  сармояи  аввалия  ҷиҳати  ташкили  тиҷорат  дар  ҳудуди  минтақа,  таъминоти  об  ва  таъмини  нерӯи  барқ,  ҳаҷми  пешниҳоди  қитъаҳои  замин  барои  сохтмон мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.«Дар  хотимаи  мулоқот  сафир  намояндагони  маъмуриятро  даъват  намуд, ки  дар  фаъолияти  ЭКСПО  дар  Покистон  иштирок  намоянд. Ин  чорабинӣ  моҳи  ноябр дар  шаҳри  Карочи бо  иштироки  беш  аз  700 нафар  соҳибкорону  тоҷирони  кишварҳои  мухталифи  ҷаҳон  роҳандозӣ  мешавад», — хабар  доданд  дар  шӯъбаи таҳлилии Маъмурияти  минтақаи  озоди  иқтисодии «Суғд».

Октябрь 13, 2011 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд