Санҷиши прокурорӣ дар шабакаҳои барқӣ

Октябрь 18, 2011 15:35

Кӯлоб, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Прокуратураи  ноҳияи  Мӯъминобод  ҳангоми  санҷиши  прокурорӣ  нисбат ба 2  нафар  корманди  шабакаҳои  барқӣ ва 3 нафар   шаҳрванди  ноҳия  парвандаи  ҷиноӣ  оғоз кард,  — гуфт  прокурори  ноҳия  Соҳибназар  Қувватов.  Ба  қавли прокурор  ҳангоми  санҷиш  сардори идораи фурӯши барқи  ноҳия  Беҳрӯзшо Султонов  ва техники  шӯъбаи  барқӣ Абдулло Тоҳиров  ҳамчун   шахсони мансабдор аз ваколатҳои  хизматии  худ сӯйистифода  намуда,  дар  корхонаю  ташкилот ва  нуқтаҳои  хусусӣ  санҷиш  нагузаронида,  ба  маблағи 1 миллиону 146 ҳазору 292 сомонӣ  қувваи  барқи  ғайриқонунӣ  истифодашудаи онҳоро ошкор  ва  муайян  накарда,  пардохти  маблағи  мазкурро  бе  ҳуҷҷатгузорӣ  таъмин  карда,  қарзи  корхонаю  ташкилот ва  нуктаҳои  хусусиро  рӯйпӯш намуда, онро ба ҳисоби истифодаи аҳолии ноҳия гузаронидаанд. Бо  назардошти  асосҳои  овардашуда ва  қарори  прокурори ноҳия  нисбат ба  ин  нафарон ҷазои  маъмурӣ  таъин  карда  шуд. Баъди  ба  пуррагӣ ба  итмом  расидани  тафтишот парвандаҳо  ба  суд  ирсол   мешаванд.

Октябрь 18, 2011 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш