Санади ҳамкории байнипарлумонӣ ба имзо расид

Октябрь 21, 2011 10:17

Душанбе, 21 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тавсеаи  ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон /ҶИЭ/дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва доктор Алӣ Лориҷонӣ, Раиси Маҷлиси шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад,  мавриди баррасӣ қарор гирифт. Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки тоҷикону эрониҳо дар ташаккули фарҳангу тамаддуни башарӣ нақши муассир бозид. Бо соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон заминаи мусоиди ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои иқтисодиву фарҳангӣ миёни ду кишвари ҳамзабон –Тоҷикистону Эрон фароҳам омад ва имрӯз тоҷикону эрониён ҳар яке кишварҳои ҳамдигарро ватан ва хонаи дуввуми худ мешуморанд, афзуд Ш. Зуҳуров.Мавсуф иброз дошт, ки мардуми тоҷик ёрӣ ва дастгирии эрониёнро дар бахшҳои фарҳангиву иқтисодии Тоҷикистон фаромӯш нахоҳанд кард. Миёни Тоҷикистон ва Эрон ҷиҳати густариши равобити иқтисодӣ шароит ва заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд дорад. Ш.Зуҳуров гуфт, ки байни кишварҳоямон силсилаи санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки тибқи он корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Солҳои охир  ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар хеле афзоиш ёфтааст. Алӣ Лориҷонӣ, Раиси парлумони Эрон ба ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон ишора намуда, гуфт, ки дар назди Маҷлиси шӯрои Исломии ҶИЭ  маркази пажӯҳишӣ фаъолият мекунад, ки тамоми лоиҳаи қонунҳои пешнҳодшударо таҳрири ҷиддӣ карда, сипас барои тасвиб ба Маҷлис пешниҳод менамояд. Дар робита  бо Маҷлиси намояндагон метавон ҳамкориро вусъат дод ва барои таҳия ва қабули қонунҳои сифатнок ва пурмазмуну содда замина фароҳам овард. Мавсуф изҳор дошт, ки бояд байни кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Маҷлиси шӯрои Исломии Эрон ҳамкориҳои ҳасана ба роҳ монда шавад, зеро фаъолияти асосии парлумонҳо дар асоси кори ҳамин кумитаҳо анҷом мегирад. Аъзои кумитаҳои парлумони ҳарду кишвар дар заминаи тақвияти ҳамкориҳо ҳамчунин аз таҷрибаи якдигар низ ба таври фаровон истифода хоҳанд кард. Мусоҳибон аз сатҳи равобити байнипарлумонӣ  миёни кишварҳояшон изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори густариши ҳар чӣ бештари  робитаҳо шуданд. Дар анҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳуми ҳамкории парлумонӣ байни Маҷлиси шӯрои Исломии Эрон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.9.50

Октябрь 21, 2011 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд