«Сарнавишти ҷавондухтарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ»
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарҳоди Шомаҳмад). — Бори нахуст дар «Кохи Ваҳдат» бо ташаббуси аъзои Шӯрои марказии иттиҳоди ҷамъиятии ҷавонони Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон «Созандагони Ватан» дар мавзӯъҳои «Ҷавонон ва ҷанбаҳои ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатй», «Омилҳои муҳоҷирати меҳнатии донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон ва роҳҳои пешгирии он», «Сарнавишти ҷавондухтарон дар муҳоҷирати меҳнатй» мизи гирд доир гашт. Бояд гуфт, ки бештари аъзои ин созмон ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат мебошанд. Адҳам Мирсаидов- роҳбари созмони мазкур гуфт, ки ҷомеае, ки нав ба демократия қадам мегузорад, баъзе равандҳоеро аз сар мегузаронад, ки он ба ҷомеа бе таъсир намемонад. Яке аз ин равандҳо раванди муҳоҷиратй меҳнатй мебошад. Вай ҳамчунин гуфт, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатй мушкилии танҳо Тоҷикистон нест. Давлатҳои тараққикардае ҳастанд, ки шаҳрвандони онҳо ба муҳоҷират сафар мекунанд. Айни замон он чиз нигаронкунанда аст, ки баъзе ҷавонони мо ҳангоми ба муҳоҷират сафар кардан аз ҳуқуқҳои хеш бехабаранд ё забони русиро намедонанд. Аз ин хотир зери таҳқиру таҳдиди дигарон қарор мегиранд. Масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳозирин гуфтанд, ки байни ҷавонони мамлакат дар мавзӯъҳои ҳуқуқу ӯҳдадории онҳо ва омӯхтани забонҳои русй корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ мегузаронанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






