Сатҳи маърифати ноболиғонро баланд бардорем
Душанбе, 18 октябр. («АМИТ» Ховар, Фарҳоди Шомаҳмад).- Чанд рӯз қабл дар бозори «Деҳқон», воқеъ дар шаҳраки Гипроземи шаҳри Душанбе бо ташаббуси ҳамоҳангсозони лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонй, пешгирии бемории вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ СПИД) ва нашъамандй миёни ҷавонону наврасон» семинар доир гардид. Семинари мазкур барои ҷалби ноболиғону кӯдаконе, ки дар бозори мазкур ба корҳои сангин, аз қабили аробакашй, боркашонӣ, мошиншӯӣ ва дигар корҳо машғуланд, нигаронида шуда буд. Ин ноболиғон дар бозорҳо ба кор машғул шуда, аз омӯзиш дур мемонанд. Суол ба миён меояд, ки оё онҳо аз ҳуқуқҳои хеш ва пешгирӣ аз бемориҳои вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ СПИД), оқибатҳои нашъамандию нашъаҷаллобй, дучоршавӣ ба харидуфурӯши одамон воқифанд? Баҳодур Ҷӯрабеков, ҳамоҳангсози лоиҳаи «Беҳтарнамоии хизматрасонӣ оид ба пешгирии ВНМО ва нашъамандй» гуфт, ки зиёда аз 4 сол мешавад, ки байни ҷавонону наврасон перомуни ин мавзӯъҳо корҳои фаҳмондадиҳй мегузаронанд. Ба қавли номбурда ҷавонон ба ин семинарҳо таваҷҷӯҳи зиёд доранд ва чунин семинарҳои омӯзишӣ барои ба хондан рӯ овардани онҳо замина мегузоранд.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






