Се ноҳия ӯҳдадории худро таъмин накарданд

Октябрь 26, 2011 17:03

Душанбе, 26 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Се ноҳияи кишвар  — Панҷ, Мастчоҳ ва ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  ӯҳдадориҳои худро дар 9 моҳи соли равон дар бобати буҷа таъмин карда натавонистанд», гуфт дар ҷараёни муҳокимаи парлумонӣ Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.Ҳамзамон, зикр гардид, ки ба  иҷрои сифатноки қисми даромади буҷа  аҳамияти ҷиддӣ дода нашудааст. Хусусан, буҷаи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Нуробод пардохти як намуди андоз, ноҳияи Рӯдакӣ ду намуди андоз ва шаҳри Роғун   3 намуди андозро ба маблағи умумии 15 миллион сомонӣ таъмин карда натавонистанд.  С. Раҷабов афзуд, ки сарфи назар аз камбудиҳои ҷойдошта иҷрои барзиёди қисми даромади буҷаи давлатӣ имконият дод, ки дар ин давра чорабиниҳои дар буҷаи давлатӣ пешбинигардида ба таври лозимӣ маблағгузорӣ шаванд. Хусусан барои пӯшонидани хароҷоти буҷаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ  4,5 миллиард сомонӣ, маблағҳои махсус – 301,6 миллион сомонӣ, лоиҳаҳои инвеститсионӣ – беш аз 500 миллион сомонӣ ва қарзи давлатӣ  476,1 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 5,8 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ин имконият дод, ки соҳаҳои   энергетика, нақлиёт, сохтмон ва иҷтимоӣ беш аз 90 %  маблағгузорӣ шаванд.

Октябрь 26, 2011 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад