Семинар доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ
Кӯлоб, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», С.Холов).- Дар шаҳри Кӯлоб дар мавзӯи «Нақши мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо» бо иштироки намояндагони ҳукумати шаҳри Кӯлоб, намояндаи хадамоти муҳоҷират ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур иштирокчиён перомуни масъалаҳои муҳими марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва кору фаъолияти муҳоҷирон дар хориҷи кишвар табодули назар намуданд. Бояд тазаккур дод, ки масъалаи зикргардида, дар баробари проблемаҳои гуногуни имрӯза аз масоили доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Мизи мудаввар на танҳо барои маълумоти бештар гирифтани иштирокчиёни семинар, балки барои дар амал роҳандозӣ кардани фикру ақидаи онҳо доир гардид. Гузаронидани чунин семинар ва мизҳои мудаввар бо мусоидати ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар дигар вилоятҳо низ ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






