Шӯрои сарпарастон фаъол гардид
Душанбе, 7 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тӯли 9 моҳи соли равон сарпарастон, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида ба муассисаҳои давлатии хона-интернатҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 80 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои хайриявӣ расониданд, ки беш аз 400 ҳазори сомонии кӯмакҳо ба моҳи Рамазон ва 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳаҷми кӯмакҳои хайриявӣ дар ин давра нисбат ба соли гузашта қариб дар ҳамаи муассисаҳо афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон, соли равон барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба бошандагон, ҳалли мушкилоти хоҷагию молии муассисаҳои мазкур ва тақвияти назорати ҷамъиятии фаъолияти хона-интернатҳо бо иқдоми вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ Шӯрои сарпарастони хонаи-нтернатҳо таъсис дода шудааст. Ҳоло бо кӯмаку мусоидати Шӯро дар хона-интернати шаҳри Турсунзода таъмири як қисмати бино, дар хона-интернати ноҳияи Ҳисор гузаронидани хати алоҳидаи оби нӯшокӣ ва сохтмони бинои маъмурӣ, коркарди чортоқи бинои хона-интернатҳои ноҳияи Восеъ ва Ёвон бо маҳлули кимиёвии зиддисӯхтор ба анҷом расонида шуд. Кӯмакҳои молӣ ва пулие, ки аз ҷониби сарпарастон ва ташкилоту идораҳо ба муассисаҳои давлатии хона- интернатҳо ворид мегарданд, барои беҳдошти ҳаёти бошандагон, захираи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ барои мавсими зимистон, инчунин рушди хоҷагиҳои ёрирасон истифода мешаванд. Бо ин мақсад дар муассисаҳо комиссияҳои қабул ва истифодаи кӯмакҳои хайриявӣ таъсис дода шудаанд, ки ба ҳайати онҳо бошандагони муассисаҳо низ шомил мебошанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






