Шаҳру ноҳияҳо дорои барномаи рушд мегарданд

Октябрь 13, 2011 11:48

Душанбе, 13 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи дурнамои  давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои  инкишофи  иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми шаҳру ноҳияҳо барномаҳои рушд таҳия карда шуда, он ба тараққиёти минбаъдаи ҳар як минтақа мусоидат менамояд. Қонуни мазкурро палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон муҳокима ва қабул намуд.Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни тавзеҳи лоиҳаи қонун дар ҳузури вакилон гуфт, ки аз соли 2006  то ин давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати  рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2006-2015 дар 37 шаҳру ноҳияҳо  ва 65 ҷамоати деҳот барномаҳои рушд  таҳия гардида,  амалӣ шуда истодаанд, ки дар асоси он ҳазорҳо ҷойи кор таъсис дода шуд.Дар ин давра барои рушди 14  шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ 1 ҳазору 860 лоиҳа ба маблағи 2, 3 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуд, ки то 1 октябри соли равон 644 лоиҳа ба маблағи 621 миллион сомонӣ амалӣ гардид. Дар асоси он 17 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ  таъмин гардиданд. -«Номукамалии қонун нишон дод, ки на ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии худро доранд», афзуд Исмоил Талбаков. Зеро 33  шаҳру ноҳия ва беш аз 300 ҷамоати деҳот чунин барномаҳоро таҳия ва қабул накардаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси қонуни мазкур дурнамои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти минтақаҳои кишвар мушаххас гардонида мешаванд. Чунин барномаҳо барои рушди иқтисодиёт бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, истифодаи захираҳои маҳаллӣ мусоидат менамояд. Барномаи мазкур  ба таври ҳатмӣ ҳадафҳои стратегии кишвар, бахусус Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо ба ҳисоб гирифта, татбиқи онро бо назардошти рушди хусусиятҳои ҳар як минтақаи Тоҷикистон  таъмин менамояд.Ҳазамон, Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар дар ин бора гуфт, ки  тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи байниидоравӣ  вазифадор карда шудааст, ки қонун мавриди таҳлил қарор дода шавад. То моҳи ноябр пешниҳодҳо доир ба такмили қонуни мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешаванд. Қонуни мазкур соли 2003 қабул шуда буд, ки самти асосиаш ба рушди устувори иқтисодию  иҷтимоии минтақаҳои ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Октябрь 13, 2011 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад