Шахсияти зани фавтида номаълум аст

Октябрь 19, 2011 14:45

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 17 октябри соли ҷорӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», ки онро Сангов Аҳрори 33- сола идора мекард, ҳангоми ҳаракат ба самти кӯчаи Сомонӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Мирзоев Алишери 20 соларо  пахш намудааст, ки пиёдагард дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расид. Ҳамчунин 18 октябр автомашинаи  тамғаи «Тайёта Кемри», ки ба Давлатов Назришо Исрамович тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат ба самти маҳаллаи Мирзобек ба сабаби суръати баланд ба зани шахсияташ номаълум бархӯрда, ӯро ба ҳалокат расонидааст. Тавре ки сардори маркази матбуоти ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, барои муайян кардани пиёдагарди шахсияташ номаълум тафтишот идома дорад.

Октябрь 19, 2011 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш