«Шеъраш суруди зиндагист»
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – 19 октябри соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода конфронси илмию назариявӣ дар мавзӯи «Осори Мирзо Турсунзода ва масоили рушди фарҳанг дар қарни ХХ1 », ки ба 100 солагии Мирзо Турсунзода бахшида шудааст, баргузор мегардад.Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Турсунзода ва Айнӣ», «Забони ашъори Турсунзода», «Ташаккули фарҳанги китобдорӣ дар Тоҷикистон: вазъият ва дурнамо», «Нақши фарҳанг дар рушди иқтисод», «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он», «Рушди фарҳанг дар даврони истиқлол», «Мирзо Турсунзода ва мусиқӣ», «Шеъраш суруди зиндагист» суханронӣ дар назар аст.Ҳамчунин дар ҷамъбасти конфронс барномаи консертӣ дар назар дошта шудааст.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






