Шоираи шинохтаи тоҷик ба Аврупо меравад
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Гулрухсори Сафӣ, шоираи шинохтаи тоҷик охири моҳи октябр аз як қатор кишварҳои скандинавӣ, ба назири Норвегия, Шветсия, Дания ва Финляндия боздид менамояд. Сафари шоира ба кишварҳои аврупоӣ бо даъвати давлати Норвегия ҷараён мегирад.«Ҳадафи сафарам ба кишварҳои скандинавӣ ширкат дар ҳамоиши байналмилалии бузургдошти мутафаккир ва файласуфи бузуруги ҷаҳон Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аст, ки дар пойтахти кишвари Норвегия шаҳри Осло баргузор мегардад», гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» шоира Гулрухсор. Бояд тазаккур дод, ки шоираи саршиноси тоҷик дар ин ҳамоиши байналмилалӣ дар мавзӯъи «Мавлоно шоири ҷаҳонӣ» суханронӣ карда, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёт ва осори файласуфи барҷаста ва мақоми шоистаи ин абармарди олами ирфониро матраҳ месозад.Мавриди зикр аст, ки ҳамасола 30 сентябр дар Тоҷикистон, ки зодгоҳи аслии Мавлоност, Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ дар сатҳи баланд таҷлил мегардад. Ғазалиёти Мавлоно дар Аврупо ва Амрико аз серхаридортарин китоб маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






