Шурӯи нахустин ҷаласаи иҷлосияи парлумон

Октябрь 4, 2011 12:35

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Айни замон дар палатаи поёнии парлумони мамлакат  беш аз 40 лоиҳаи қонун барои баррасӣ қарор дорад, дар сурати зарурат ман пешниҳод мекунам, ки ташхисҳои илмиву иқтисодӣ, зиддикоррупсионӣ ва забонии ин лоиҳаи қонунҳо доир карда шавад». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи нахустини иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон иброз дошт.Бояд тазаккур дод, ки вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ баъд аз се моҳи таътил ба фаъолият шурӯъ карданд.Зуҳуров зикр кард, ки ба вакилони парлумон зарур аст ба қабули як силсила лоиҳаи қонунҳо дар бораи энергетика, молия, андоз ва иқтисод таваҷҷӯҳи бештар зоҳир созанд. Дар ҳамин ҳол Зуҳуров гуфт, ки муддати идомаи иҷлосия намояндагони мардумӣ бояд бо интихобкунандагони худ доимо дар тамос бошанд, то  аз мушкилоту пешниҳоди онҳо огаҳӣ дошта бошанд.

Октябрь 4, 2011 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад