“Силверхилл Ресорсес ЛТД” 10 миллион доллар сармоягузорӣ менамояд
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо Директори ҶДММ “Нуқрафом” Чарлз Онунг ва муовини ӯ Улуғбек Салимбекзода, ки муассис ва иштирокчии ягонаи ширкати “Силверхилл Ресорсес ЛТД”-и Швейтсария мебошад, мулоқот намуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди фаъолияти ҷамъияти мазкур, ҳамчунин татбиқи лоиҳаи истихроҷ ва коркарди партовҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Бояд қайд намуд, ки ширкати мазкур дар самти коркарди партовҳо, ҷустуҷӯи геологӣ ва истихроҷи металлҳои қимматбаҳо фаъолият мекунад.Чарлз Онунг зикр намуд, ки ҶДММ “Нуқрафом” бо мақсади татбиқи лоиҳаи истихроҷ ва коркарди партовҳо тасмим гирифтаст, ки дар шаҳраки Истиқлоли вилояти Суғд (собиқ Табошар) дар доираи расмиёти қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи он 10 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ намояд. Ҳамзамон зикр шуд, ки дар ин ҷода зиёда аз 300 нафар бо ҷойҳои нави корӣ таъмин карда мешаванд. Дар натиҷа тарафҳо бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии муштаракро иброз намуда, Д. Саидов омодагии Кумитаро барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ намудан бо сармоягузорон дар доираи ваколатҳои худ баён намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






