Симпозиуми панҷуми байналмилалӣ
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Имрӯз, 3 октябр, дар шаҳри Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалӣ таҳти унвони «Донишкадаҳои олии фарҳангу санъат дар муҳити маърифатии ҷаҳон. Тарбияи кадрҳои соҳаи фарҳанг ва санъат: анъанаҳои миллӣ ва тамоюлҳои муосир» ифтитоҳ мегардад. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома рӯзи аввал ду чорабинӣ роҳандозӣ мешавад. Ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати шаҳри Маскав Рамазон Абдулатифов дар Академияи илмҳо суханронӣ карда ва китоби худ «Халқи тоҷики ман» — ро муаррифӣ менамояд. Дар нимаи дуюми рӯз дар толори мусиқии органнии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, консерти мусиқии органнӣ баргузор гардида, дар он Ҳунарпешаи мардумии Русия, ректори Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Н.Г.Жиганова Рубин Абдуллин ва Зулфия Халилова (аз Олмон) ҳунарнамоӣ мекунанд. Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба корҳои ИДМ, вазоратҳои фарҳанг ва маорифи Тоҷикистону Русия, донишкадаҳои олӣ, «Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон» ташкилкунандагони ин чорабинии калон маҳсуб мешаванд. 4 октябр маросими ифтитоҳи ботантана ва маҷлиси умумии симпозиум баргузор гардида, дар чаҳорчӯбаи барномаи фарҳангӣ ба иштироккунандагони он филми мустанад дар бораи симпозиум намоиш дода, консерти калони устодони санъати Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






