«Системаи мадридии бақайдгирии тамғаҳои байналмилалӣ»
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). -«Системаи мадридии бақайдгирии тамғаҳои байналмилалӣ» — 12 октябри соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти чунин унвон семинари миллӣ дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баргузор гардид. Дар семинар намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва Ассотсиатсияи соҳибкорони хурду миёна ширкат намуданд.Маърӯзачиён перомуни мавзӯъҳои хусусиятҳои асосии Системаи Мадрид ва тағйироти охирини он, таҷрибаи истифодаи системаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, маводи иттилоотӣ ва хизматрасонӣ дар доираи ин система, бартарият ва афзалияти Системаи мадридӣ ва ғайра сухан карда ва атрофи ин мавзӯъ мубодилаи афкор сурат гирифт.Семинари миллӣ имрӯз ба кори худ идома медиҳад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






