Соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ВКХ доир мегардад
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Имрӯз дар давлати Кувайт ҷаласаи 10-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё доир мегардад. Дар ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ иштирок менамояд.
Муколамаи ҳамкории Осиё моҳи июни соли 2002 бо ташаббуси Тайиланд оғоз ёфта ва дар чаҳорчӯби он 1-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиё баргузор гардид. Он аз ҷониби 18 кишвари осиёӣ таъсис дода шуда, дар ҳоли ҳозир аз 31 кишвари узв иборат аст.
Муколамаи ҳамкории Осиё форуми аввалини умумиосиёии хос мебошад, ки мақсади он муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, биотехнология, сайёҳӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ, ҳамкории молиявӣ ва ғайра мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муколамаи ҳамкории Осиё 5 июни соли 2006 ҳамроҳ шуд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории 11-ум ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё соли 2012 дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






