Стратегияи ҳамкории байналмилалии ҷавонон
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Имрӯз, 13 октябр, дар Кумитаи иҷроияи ИДМ воқеъ дар шаҳри Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2012 — 2013 ҷиҳати татбиқи Стратегияи ҳамкории байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.Стратегия барои давраи то соли 2020 пешбинӣ шуда ва санади асосии бахши ҳамкории ҷавонон дар фазои ИДМ мебошад. Дар доираи он фаъолияти сохторҳои давлатӣ оид ба умури ҷавонон, созмонҳои ҷамъиятии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ вусъат ёфта, амалияи рӯи кор овардани чорабиниҳо бо иштироки ҷавонони мамлакатҳои Иттиҳод густариш ва такмил меёбад. Стратегияро сарони давлатҳо дар охири соли 2010 тасдиқ намуда буданд. Ба Шӯрои кор бо ҷавонон супориш дода шуда буд, ки якҷоя бо мақомоти дигари ҳамкории соҳавии ИДМ дар бахши гуманитарӣ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳоро бобати татбиқи он тартиб дода ва ҷиҳати баррасӣ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод намояд.Аз ҳашт Шӯрои соҳавӣ пешниҳодҳо ба Нақша расидаанд. Ҳамчунин Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Тоҷикистон пешниҳодҳояшонро ирсол доштаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






