Суръати таваррум дар Беларус ва Тоҷикистон баланд аст
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). – Аз аввали соли ҷорӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суръати баландтарини таваррум дар Беларус ва Тоҷикистон ба кайд гирифта шудааст. Тавре дар сомонаи Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ хабар дода мешавад, суръати таваррум дар Беларус 53,6 фоиз, дар Тоҷикистон 8,5 фоиз, дар Қазоқистон 5,9 фоиз. ва дар Қирғизистон 5,6 фоизро ташкил дод. Дар Молдова таваррум 4,8 фоиз, Русия 4,7 фоиз, Украина 4,1 фоиз буд. Суръати пасттарини таваррум дар Озарбойҷон (2,4) ва дар Арманистон (0,2 фоиз) ба қайд гирифта шудааст. Моҳҳои январ – август таваррум дар кишварҳои аъзои ИДМ ба ҳисоби миёна 6,6 фоизро ташкил додаст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






