Тӯҳфа ба марказҳои сироятнопазирӣ
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 19 октябр дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини аввали вазири тандурустии ҶТ Саида Ҷобирова маросими ботантанаи ба роҳбарони марказҳои сироятнопазирии шаш ноҳияи интихобии вилоятҳои Хатлону Суғд супуридани мошинҳои тамғаи «Нива» баргузор гардид.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазоррати тандурустии ҶТ иттилоъ доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, ин мошинҳо дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи таҳкими бахши нигаҳдории тандурустӣ ба манзури сари вақт расонидани ёрии тиббӣ, аз ҷумла бо мақсади сироятнопазирӣ пешниҳод шудаанд. Лоиҳаро Маркази ҷаҳонии ваксинаҳо ва сироятнопазирӣ маблағгузорӣ менамояд. Мошинҳои «Нива» дар ноҳияҳои Балҷувон, Фархор, Қумсангир, Восеъи вилояти Хатлон, ҳамчунин дар Ғончи ва Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд истифода мешаванд.Назар ба гуфти манбаъ, «кор дар доираи татбиқи Лоиҳаи таҳкими тансиҳатӣ, ки барои ду сол пешбинӣ шудааст, идома дорад».








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






