Тағироти кадрӣ дар маҷлиси ҲҶТ

Октябрь 29, 2011 13:07

Душанбе, 29 октябр.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, баробари дигар масалаи муҳим ба истифодаи замин диққати махсус дода шуд.Прокурори генералии ҷумҳурӣ Салимзода Шерхони Одина дар бораи тақсими ғайримақсадноки замин дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гузориш дод.Барои роҳ додани қонуншиканиҳо дар тақсими замин раиси ноҳияи Вахш Шодӣ Мусоев ва раиси ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров Лутфулло Муҳиддинов аз вазифаашон озод карда шудандБо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мадатова Манзура, ки қаблан ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолият мекард, директори Литсей-интернати Президентӣ дар шаҳри Душанбе таъин гардид.Мадатова Манзура дар ин мақом Давлатбӣ Мӯъминоваро иваз кард.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фатҳуддин Исмонов муовини вазири маориф, Лола Сафарова муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонова муовини аввали раиси Кумитаи кор ба занон ва оилаи  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тахмина Давлатова  муовини раиси ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» ва Раҳимҷон Саидов сардори хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф таъин гардиданд.Қиматгул Алибердиева, ки қаблан ба ҳайси муовини  аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, ба мақоми муовини раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон пешниҳод гардид. 

Октябрь 29, 2011 13:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!