Тағйирот ба ду қонуни конститутсионӣ
Душанбе, 24 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ду лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат , ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, баррасӣ гардид.Аз палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» муҳокима гардид.Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Сайиди Ёқубзод, Сафаралӣ Раҷабов ва вакил Галия Рабиева баррасии масъалаҳои зикршударо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти вазъи иҷтимоии ҷомеа муҳим арзёбӣ карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






