Таҷдиди «Шифо» ба итмом расид
Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Тармиму таҷдиди пурраи қисми дуюми Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии бемориҳои сил- «Шифо» ба итмом расид. Ин кор дар доираи лоиҳаи «Тармим ва ҷиҳозонидани беморхонаи бемориҳои сили «Шифо» иҷро шуд, ки онро Бонки рушд ва таҷдиди Олмон маблағгузорӣ намудааст.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардухтури беморхонаи «Шифо» Саидаҳтам Рустамов хабар дод.Тибқи суханони ӯ, имрӯз 15 мутахассис аз Бонки рушд ва таҷдиди Олмон аз ин муоинахона дидан карда, бо ҷараёни иҷрои корҳо ошно мешаванд. Ғайр аз ин рӯзҳои наздик ба беморхона таҷҳизоти нави махсус оварда мешавад. Айни ҳол дар беморхона 32 нафар духтурон, 87 нафар ҳамшираҳои шафқат ва 72 нафар ҳамшираи тиббӣ фаъолият доранд. Дар муассисаи тиббии мазкур 5 шӯъбаи нав илова шудааст. Мавриди тазаккур аст, ки қисми аввали беморхона соли 2010 бо сифати хуб ва ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳон тармим шуда буд. Акнун ҳар ду шӯъбаи беморхона метавонад 420 беморро қабул намояд. Айни замон дар беморхона 220 нафар бемор бистарӣ мебошад. Аз ҷониби Лоиҳаи «Хоуп» ва Бунёди глобалӣ беморон бо ғизои гарм ва доруҳои зидди сил таъмин мешаванд. «Айни замон беморхонаи касалиҳои сил бо беҳтарин таҷҳизот ва дорувори зарурӣ муҷаҳҳаз ва таъмин шудааст. Ин ҳама барои гирифторони бемории сил пешбинӣ шуда, онҳо метавонанд дар ин ҷо аз ташхиси аввал то шифоёбӣ табобат гиранд», иброз намуд Саидаҳтам Рустамов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






