Таҷлили 100-умин солгарди зодрӯзи вассофи сулҳу дӯстӣ
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз бахшида ба 100-солагии шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, вассофи сулҳу ваҳдат Мирзо Турсунзода дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад. Тавре ба хабарнигори мо аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, вазирону роҳбарони мақомоти марбута ва меҳмонон аз хориҷи кишвар иштирок менамоянд.Ёдовар мешавем, ки устод Мирзо Турсунзода аз барҷастатарин шоир ва шахсияти сиёсию адабии тоҷикон мебошад. Ӯ зимни сафарҳои расмӣ ва эҷодӣ ба кишварҳои дуру наздик бо осор ва ашъори ҷаззобу пурмӯҳтавояш ному нишон, зебоии табиат, фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷиконро муаррифӣ намудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






