Таҷлили иди Меҳргон

Октябрь 10, 2011 16:06

Хучанд, 10 октябр.( АМИТ «Ховар», Самад Юсуфй).-Дар майдони марказии вилояти Суғд иди Мехргон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид. Меҳргон иди ҳосилот аст, ки айёми ба эътидол омадани  рӯзҳои тирамоҳ оғоз мегардад.  Зимни таҷлили ин ид  Маҳмудҷон Исоев- раиси Идораи кишоварзии вилоят иброз дошт, ки пахтакорони вилоят имсол дар майдони 65 ҳазор гектар пахта кишта, дар арафаи анҷоми ҷамъоварии ҳосиланд. ва аз хар гектар 30-40 сентнерӣ  пахта месупоранд. Чӯрахон Ғозиев- мудири шӯъбаи бахши дар вилояти Сугд будаи Донишкадаи зироаткории  Академияи илмҳои кишоварзӣ, дар бораи навоварӣ ва ихтироъкории кишоварзони вилоят ҳарф зад.Меҳру саховатмандӣ ва дастурхони ободу фаровонӣ рамзи фазилатҳои деҳқон аст. Дар пайравӣ ба ин суннати Мехргони ачдодӣ кишоварзони идораҳои махсулоттайёркунии вилоят барои аҳолии диёр   ярмаркаи фурӯши маҳсулоти деҳқонӣ пешкаш карданд, то мардум аз Меҳргон баҳраманд гарданд. Ҷамъияти матлуботи вилоят ва Корхонаи воҳиди давлатии дар вилоят амалкунандаи Агентии захирахои моддии давлатии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли маводи хӯрокиро бо нархи 30 % арзонтар дастраси мардум карданд.

Октябрь 10, 2011 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд