Таҷлили рӯзи забон дар Вазорати энергетика

Октябрь 4, 2011 15:28

Душанбе, 4 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). —  Дирӯз  дар Вазорати  энергетика  ва  саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи  Нақшаи    кори  Комиссияи   татбиқи  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  барои  забони   давлатӣ»   ба ифтихори рӯзи забони давлатӣ ҷамъомад  баргузор    гардид.Дар ҷамъомад  раиси    Комиссияи  татбиқи   Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  барои  забони   давлатӣ» — и  вазорат,  муовини  вазири  энергетика  ва  саноати    Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Маҳмадуллоев  Х.  оид  ба  раванди    татбиқи   Қонуни   Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  барои  забони   давлатӣ»  дар  вазорат ва   корхонаю муассисаҳои он   ибрози  назар  намуд.Дар  ҷамъомад  инчунин  иҷрокунандаи   вазифаи    сардори    шӯъбаи   танзими  истилоҳоти  Кумитаи  забон   ва  истилоҳоти    назди  хукумати   Ҷумҳурии Тоҷикистон  Н.  Абдуллоев  ва  корманди    Институти  забон,  адабиёт,  шарқшиносӣ  ва  мероси  хаттии   Академияи  Илмҳои    Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  номзади    илмҳои    филология  С.  Мирзоев  иштирок  ва    суханронӣ   намуданд.

Октябрь 4, 2011 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад